Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко аз нишасти Мушорикати шарқӣ фирор кард


Александр Лукашенко
Александр Лукашенко

Александр Лукашенко - президенти дарозумри Беларусия дар нишасти Мушорикати шарқии Иттиҳоди Аврпуо, ки рӯзи 24 ноябр баргузор мешавад, иштирок намекунад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Беларусия Андрей Шупляк рӯзи 21 ноябр гуфт, ки ба ҳайъати Беларусия дар ин нишаст вазири умури хориҷӣ Владимир Макей раҳбарӣ мекунад.

Манобеи Иттиҳоди Аврпуо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бори аввал аст, ки Иттиҳод Лукашенкоро "бидуни ҳеҷ маҳдудият" - ба мисли раҳбарони Арманистон, Озарбойҷон, Молдова, Гурҷистон ва Украина ба нишасти Мушорикати шарқӣ даъват кард.

Дар нишастҳои гузашта Иттиҳоди Аврпуо пеш аз пеш ба таври рушан гуфта буд, Александ Лукашенко , ки 23 сол дар қудрат буда аз ӯ "охирин диктатори Аврпуо" ном мебаранд, барои баъзе раҳбарони Ғарбӣ қобили қабул нест.

Дар саммити соли 2015, дар Рига, аз Беларусия вазири умури хориҷӣ Владимир Макей намояндагӣ кард.

Иттиҳоди Аврпуо барномаи Мушорикати шарқиро соли 2009 бо ҳадафи густариши ҳамоиши иқтисодӣ ва арзишҳои аврупоӣ барои шаш кишвари Аврпуои шарқӣ ва Қафқози Ҷанубӣ қабул кард.

XS
SM
MD
LG