Пайвандҳои дастрасӣ

Қодиров пешниҳод кард, ки боқимондаҳои Сталинро ба Гурҷистон диҳанд


Гурҷиҳо бо аксҳои Сталин дар 130-умин зодрӯзи ӯ

Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон, пешниҳод кард, ки боқимондаҳои ҷасади Иосиф Сталинро ба Гурҷистон дода, хотираи раҳбари Шӯравӣ Никита Хрушевро ҷовидонӣ кунанд. Қодиров бори дигар пешниҳод кард, ки ҷасади Ленин ба хок супурда шавад.

Рамазон Қодиров рӯзи 21-уми ноябр дар суҳбат бо хабаргузории “Интерфакс” гуфт, бояд ҳусни ният нишон дод ва боқимондаҳои Сталинро ба Гурҷистон супурд, то ӯро дар зодгоҳаш гӯронанд. Дар натиҷа, ба гуфтаи Қодиров, “миллионҳо сокини Русия аз ин нафаси озод мекашанд, ки рӯҳи Сталин Русияро тарк кард”.

Қодиров раҳбари пешини Шӯравӣ Никита Хрушевро шахсе номид, ки барои пирӯзии адолат дар баробари чеченҳо ва ингушҳо саҳм гузоштааст. “Барои ӯ муҷассама мегузоранд ё не, ин кори Русия аст”, - гуфтааст Қодиров, аммо ӯ бовар дорад, “Русия бояд ба хидматҳои Хрушев арҷ гузорад”.

Рамазон Қодиров бори дигар дар бораи гӯронидани Владимир Ленин изҳори назар кард ва гуфт, Ленинро бояд ба хок супоранд ва дар гӯраш ҳайкал гузоранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG