Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ аз пирӯзӣ бар ДИИШ хабар дод


Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ - раиси ҷумҳури Эрон, рӯзи 21 ноябр аз тариқи телевизиони давлатӣ аз пирӯзӣ бар гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" хабар дод. Фармондеҳи аршади Сипоҳи Посдорони Инқилоб Қосим Сулаймонӣ низ рӯзи сешанбе дар паёме ба Раҳбари Олии Эрон саркӯб шудани ин гурӯҳро эълон кард. Паёми ӯ дар саҳифаи сомонаи хабарии Sepah News дарҷ шуд.

Навори видеоӣ ва аксҳои Сулаймонӣ, ки ба нерӯҳои "Қудс" - воҳиди низомии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Эрон фармондеҳӣ мекард ва дар сафи пеши мубориза бо ДИИШ дар Ироқу Сурия қарор дошд, солҳои ахир дар матбуот пайваста нашр мешавад.

Ҳафтаи гузашта матбуоти Эрон акси Сулаймониро дар шаҳри шарқии Сурия - Албу Камол, охирин истеҳкоми ДИИШ, ки ахиран суқут кард, ба нашр расонд.

Сипоҳи Посдорони Инқилоб қудратмандтарин нерӯи Эрон аст, ки империяи иқтисодии иборат аз миллиардҳо долларро таҳти назорат дорад. Ин нерӯ тайи солҳои ахир барои пуштибонӣ аз президент Башор Асад ва ҳукумати марказии Сурия мубориза мебурд.

Беш аз ҳазор узви Сипоҳи Посдорони Инқилоби Эрон, бо шумули фармондеҳон дар Сурия ва Ироқ кушта шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG