Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи шаҳрванди Туркманистон дар Туркия барои "робита бо Гюлен"


Дар шаҳри Киркларелии Туркия мурофиаи додгоҳии 10 пайрави эҳтимолии руҳонии мухолиф Фатҳулло Гюлен идома дорад. Онҳо ба "ташкили шабакае дар ниҳодҳои давлатӣ ва вазорати адлияи Туркия" айбдор мешаванд.

Ба иттилои расонаҳои Туркия, миёни айбдоршавандаҳо шаҳрванди Туркманистон Ихтиёр Аннаев ҳам ҳаст. Рӯзномаи туркии "Миллият" хабар дод, ин гуруҳ ба он айбдор мешавад, ки барои пинҳон нигаҳ доштани мукотиботи худ зери унвони Bylock аз платформаи махсусе истифода мекардаанд. Миёни онҳо кормандони мақомоти додгоҳӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ ҳам ҳастанд.

Аннаев ба он айбдор аст, ки дар яке аз хобгоҳҳои марбут ба "гуруҳи Гюлен" ба ҳайси мураббӣ кор карда, гӯиё аз шабакаи тамоси пинҳонии Bylock истифода мекардааст. Мақомоти Туркия ин шабакаро моҳи июл ошкор карданд. Боздоштшудаҳо, аз ҷумла Аннаев ин айбҳоро рад мекунанд.

Муфаттиши ҷумҳуриявии турк Усмон Бекмезчӣ ҳангоми эъломи натиҷаи тафтишот аз додрас хост, ки Аннаев ва 9 шаҳрванди Туркияро аз озодӣ маҳрум кунад.

Анқара руҳонии мухолифи турк Фатҳулло Гюленро, ки дар хориҷ зиндагӣ дорад, ба созмон додани табаддулоти нокоми 15 июли соли 2016 дар Туркия айбдор мекунад. Худи Гюлен баъди ин ҳодиса даст доштанашро дар он рад карда буд.

XS
SM
MD
LG