Даҳҳо ҳазор сокини Зимбабве ба кӯчаҳои пойтахти ин кишвар – шаҳри Ҳарере – баромада, истеъфои президент Роберт Мугаберо талаб карданд. Мугабеи 93-сола 37 сол боз зимоми қудрат дар ин кишвари Африқои Ҷанубиро дар даст орад.
Аммо аввали ин ҳафта низомиёни Зимбабве гуфтанд, ки идораи ҳукуматро ба даст гирифтаанд. Баъдан гузоришҳо расид, ки гӯё ҳамсари Мугабэ ба Намибия фирор кардааст.
Хабаргузории “Ройтерс” мегӯяд, сокинони Зимбабве эҳсоси хушии худро аз ин вазъият пинҳон намекарданд. Фрэнк Мутсиндиваи 34-сола, ки дар даст парчами Зимбабверо дошт, ба хабаргузории Ройтерс гуфт, “ин ашки шодист”. Ӯ мегӯяд, “тамоми умр ин рӯзро интизор будам ва билахира фаро расид.Билахира мо озод шудем.”
Бархе аз эътирозгарон шиори “Нест бод сулолаи Мугабе”-ро боло карда, баъзеи дигар низомиёнро ба оғӯш мекашиданд. Заин Моффати 22-сола бо ишора ба акси фармондеҳи артиш Константина Чивенги ва муовини собиқи раиси ҷумҳур Эммерсон Мнангагва гуфт, “дар ҳоли ҳозир раҳбарони мо инҳоянд.” Ӯ гуфт, “орзуи ман ин аст, ки Зимбабвеи навро бибинам. Ман дар тамоми умр танҳо ҳамин золимро бо номи Мугабе медонистам.”
Президенти Зимбабве Роберт Мугабе аз соли 1980 қудратро дар даст дорад.