Мақомоти Ироқ мегӯянд, ки Раваҳ ягона шаҳри боқимонда дар дасти гурӯҳи ба ном Давлати исломиро аз ҳузури ҷангҷӯён пок карда ва зери назорат дароварданд.
Вазорати дифои Ироқ рӯзи 17-уми ноябр бо нашри баёнияе гуфт, сарбозон ва размандагони қабилаӣ охирин маҳаллаҳо дар ғарби шаҳр дар канори рӯди Фуротро гирифтанд.
Шаҳри Раваҳ се сол пеш ба дасти гурӯҳи Давлати исломӣ афтод, ки ҳоло фақат баъзе аз манотиқи биёбонӣ дар назди марзи Сурияро зери назорат дорад. Соли 2014 ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ қаламравҳои васеи Ироқу Сурияро ишғол карданд ва ба наздикии Бағдод пойтахти Ироқ расиданд.
Нерӯҳои давлатии Ироқ бо кӯмаки нерӯҳои эътилофӣ ба раҳбарии Амрико тавонистанд, гурӯҳро шикаст бидиҳанд ва ҳамаи минтақаҳои бузургро аз дасти ҷангҷӯён озод кунанд.