Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи 16-уми ноябр ба вилояти Суғд рафтааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳадаф аз ин сафари оқои Раҳмонро ширкат дар маросимҳо ба муносибати 25-уми солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ, ифтитоҳи иншоотҳо ва суҳбату мулоқот бо мардум, гуфтааст. Интизор меравад, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд то охири ҳафта идома кунад.

Дар ҳамин ҳол Бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Суғд хабар дод, ки рӯзҳои 16-19 ноябр, ба хотири “таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёти ҳомили меҳмонони олиқадр дар роҳҳо”, ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар бархе роҳҳои Хуҷанд ва байни шаҳру ноҳияҳо маҳдуд карда хоҳад шуд.

Ҳамин тавр, рӯзи панҷшанбеи 16-уми ноябр роҳи нақлиётии Хуҷанд – Ашт, 17 ноябр роҳҳои маркази шаҳри Гулистон (Қайроқуми собиқ), Хуҷанд-Ғафуров, хиёбони Исмоили Сомонӣ ва кӯчаи Гагарини шаҳри Хуҷанд, 18 ноябр роҳҳои маркази шаҳри Гулистон, Ғафуров-Хуҷанд ва ҷодаҳои марказии шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) ва 19 уми ноябр – роҳҳои маркази шаҳри Гулистон, Ғафуров – Хуҷанд, хоҷагии Урунхоҷаеви ҷамоати Унҷии ноҳияи Ғафуров барои ҳаракати нақлиёт, бидуни гузарномаи махсус маҳдуд хоҳад буд.

Аз бахши навбатдории БДА и вилояти Суғд дар тавзеҳи ин хабар рӯзи 15 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзҳои мазкур роҳҳои зикргардида барои ҳаракати ҳама гуна нақлиёти сокинон баста хоҳад буд. Биноба иттилои БДА, ин маҳдудият муваққатан ва то ба анҷом расидани чорабиниҳо ва сафарҳои меҳмонон, ба шаҳру ноҳияҳои Суғд ва ҷорӣ карда мешавад.

XS
SM
MD
LG