Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон боғи ҳамсари президент муаррифӣ шуд


Муқоваи китоби Сара Назарбоева "Фалсафаи ишқ.
Муқоваи китоби Сара Назарбоева "Фалсафаи ишқ.

Дар ноҳияи Акколи вилояти Акмолини Қазоқистон рӯзи 15 ноябр лоиҳаи боғи табиӣ "ба номи Сара Назарбоева" муаррифӣ шуд. Сара Назарбоева, ҳамсари президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, солҳои охир дар мазҳари ом кам пайдо мешавад.

Муаррифии лоиҳа дар доираи форуми грантдиҳандагони WAKE UP-2017 баргузор гардид. Ин лоиҳаро ниҳодҳои давлатии Қазоқистон татбиқ мекунанд.

Алан Бесен, роҳбари бунёди "Рушди устувор" дар рафти муаррифии лоиҳа гуфт, ҳадафи он ташкили "захираи биосфера дар Аккол" аст.

Муҳлати амалишавии лоиҳа ва кушодашавии боғ ҳоло дақиқ нест.

Дар шаҳри Остонаи ин кишвар дар соли 2010 як боғи дигарро ба ифтихори президенти Қазоқистон номгузорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG