Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазири энержии Эрон


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14-уми ноябр дар Душанбе бо вазири энержии Ҷумҳурии исломии Эрон Ризо Ардакониён мулоқот кардааст. Ба навиштаи хабаргузории эронии "Форс", мулоқоти Ризо Ардакониён, ки раиси ҷониби эронӣ дар Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Эрону Тоҷикистон мебошад, бо Эмомалӣ Раҳмон "беш аз соат ва дар фазои самимӣ сурат гирифт."

Ба навиштаи манбаъ, ҷонибҳо роҷеъ ба муносибатҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ гуфтугӯ намуда ва ба зарурати рушди ҳамкориҳо таъкид кардаанд. Мақомоти тоҷик то ба ҳол дар мавриди ин мулоқот ҷузъиёте ироа накардаанд. Вазири энержии Эрон рӯзи 14-уми ноябр дар раъси як ҳайати баландпоя барои ширкат дар кори Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон, ба Душанбе омада буд.

Давоми як ҳафта ин дувумин мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти баландпояи Эрон аст. Ҳафтаи гузашта оқои Раҳмон дар Душанбе бо Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон мулоқот кард. Оқои Зариф баландпоятарин мақоми эронӣ буд, ки дар пасманзари равобити сард миёни Душанбе ва Теҳрон, аз Тоҷикистон дидан намуд.

XS
SM
MD
LG