Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон пешбинӣ кард, ки то ду рӯзи дигар дар саросари кишвар ҳаво якбора сард шуда боронӣ хоҳад буд. Парвина Саидҷамолова, мудири бахши пешгӯии боду ҳавои Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон рӯзи 14-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар як ҳафтаи ахир пастшавии ҳарорати ҳаво пешбинӣ шуда рӯзҳои 14 то 16 ноябр ҳарорати ҳаво ба 9 то 11 дараҷа мерасад. Ба гуфтаи хонум Саидҷамолова, агар ҳарорати ҳаво дар рӯзҳои гузашта дар нуқоти мухталифи Тоҷикистон то 25 дараҷа гарм буд, ҳамакнун якбора поин рафта 9-11 дараҷа гарм хоҳад буд.

Ба иттилои Саидҷамолова, дар ду рӯзи оянда дар кишвар резиши борон пешбинӣ шуда баъдан фаромадани туман ҳам имкон дорад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок ва асосан борони кӯтоҳмуддат шуда, шамол пешбинӣ шудааст. Ҳаво шабона 4-6 ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад. Бино ба иттилои манбаъ, имрӯз, 14 ноябр дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ бориши борон пешбинӣ шуда аз шамол самти шарқ ба 17-22 метр дар як сония мерасад.

Дар баъзе аз минтақаҳои вилояти Хатлон тӯфони гардолуд ва чангу ғубор ва дар баъзе аз ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои ғуборолуд пешбинӣ мешавад.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддатро пешгӯӣ мекунанд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 то 4 дараҷа ва рӯзона то 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG