Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон: "Ҳалокати одамон дар зилзилаи Эрон моро сахт андуҳгин намуд"


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба зилзилаи пурқурбонӣ дар Эрон, ба унвони президенти он кишвар Ҳасани Рӯҳонӣ номаи тасаллият фиристодааст.

Дар номаи оқои Раҳмон ба унвони ҳамтои эрониаш омадааст, ки "хабари заминларзаҳо дар вилояти Кирмоншоҳ ва дигар минтақаҳои ғарбии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки боиси ҳалокату захмӣ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд."

Эмомалӣ Раҳмон дар ин нома ҳамдардии худро худро ба мардуми Эрон баён намуда, ба наздикону пайвандони қурбониёни тасаллият гуфт ва ба осебдидагон шифои комил орзу кард.

Шаби гузашта бар асари зилзилаи 7,3-дараҷаӣ дар минтақаҳои ғарби Эрон беш аз 340 нафар ба ҳалокат расида ва беш аз 6000 ҳазор нафар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG