Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навбатпоии тӯлонии туркманҳо барои дарёфти иҷозати вуруд ба Боҷгирони Эрон


Дар Туркманистон шумори онҳое, ки мехоҳанд, ба минтақаи марзии тиҷории ин кишвару Эрон -- Гаудан ва Боҷгирон роҳ ёбанд, афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи як ҳамсуҳбати мо аз Ишқобод бо номи Огулмарал, дар назди бинои Раёсати марзбонии шаҳр навбатпоии тӯлонии сокинон барои дарёфти иҷозати вуруд ба ин минтақа мушоҳида мешавад.

"Шунидам, ки бисёре аз шахсони ба монанди ман бекор, ба Гаудан-Боҷгирон рафта, маҳсулоти ғизоӣ ва молҳои дигар меоранд. Хостам, ман низ биравам. Барои дарёфти иҷозатнома ба Раёсати марзбонии шаҳр рафтам, ки дар онҷо сокинони зиёде навбат истодаанд. Рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо рӯзи чаҳоршанбе аст ва дар он рӯз сафи навбатпоён хеле дароз мешавад",- афзуд Огулмарал.

Ба гуфтаи соҳибкорони маҳаллӣ, иҷозатномаи вуруд ба минтақаи марзии Туркманистону Эрон баъди пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, ба ҳисоби миёна, дар давоми 3-4 моҳ омода мешавад ва бо он метавон тайи ним сол марзи ду кишварро дар Гаудан-Боҷгирон чанд маротиба убур кард.

Гузаргоҳи марзии Гаудан-Боҷгирони Туркманистону Эрон дар 32-километрии шаҳри Ишқобод ҷойгир аст.

Сокинони Ишқобод, ки ба хариду фурӯши молҳои хурд машғуланд, мегӯянд, боҷи убури марз барои якшабонарӯз 10 манат (ҳудуди се доллари амрико) аст.

Ба назари худи соҳибкорон, ба афзоиши шумори онҳое, ки мехоҳанд, ба Гаудан-Боҷгирон роҳ ёбанд, бекорӣ ва норасоии мол, аз ҷумла тамоку сабаб гаштааст.

XS
SM
MD
LG