Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли зан дар утоқи директори як мактаби Хуросон


Додгоҳи ноҳияи Хуросон дар ҷануби Тоҷикистон як сокини ин ноҳияро барои қатли ҳамсари собиқаш дар дохили мактаб ба 11 соли зиндон маҳкум кардааст.

Додситонии кулл рӯзи 10-уми ноябр хабар дод, ки Улуғбек Дусанов рӯзи 29-уми июли имсол ба имсол бо ҳадафи қатли ҳамсари собиқаш аз рӯи хусумат ба мактаби рақами 42 воқеъ дар деҳаи Ҳосилоти ноҳияи Хуросон рафтааст.

Ба гуфтаи додситонӣ, Улуғбек Дусанов “ба утоқи кории директори муассиса даромада, ҳамсараш Раҳимаро Аннақуловаро бо корд чаҳор маротиба ба қафаси сина, шикам ва пушташ задааст ва номбурда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”

Муттаҳам ба ҷиноятро ҳамон рӯз дастгир кардаанд ва ҳукми ӯ рӯзи 4-уми октябр содир шудааст. Дар Тоҷикистон қатли ҳамсари собиқ аз тарафи шавҳар дар гузашта дида шудааст, аммо куштани касе дар дохили мактаб бисёр ҳодисаи нодир аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG