Пайвандҳои дастрасӣ

“Дастархон”-и Душанбе ба коми оташ рафт. АКС


Бинои қаҳвахонаи “Дастархон”, ки хиёбони Саъдии Шерозӣ ва дар наздикии бинои Сирки шаҳри Душанбе ҷойгир аст, ба коми оташ рафтааст. Бархе аз шоҳидони воқеа бо ирсоли аксу видео ба Радиои Озодӣ гуфтанд, сӯхтор шоми 11-уми ноябр сар зад.

Дар аксу видеое, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, шиддати сӯхтор баланд аст ва барои хомӯш кардани он наҷотдиҳандагон низ дар ҷои ҳодиса ҳузур доранд.

Ҷузъиёти бештаре дар даст нест. Мақомот то ҳол сабаби сӯхторро шарҳ надодаанд. Танҳо шоҳидон гуфтанд, кошонаи ҳусни “Марзия”, ки дар паҳлӯи қаҳвахона воқеъ аст, зарар дидааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG