Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндониён барои тӯйи писари "дузди қонунӣ" пул ҷамъ карданд. ВИДЕО


Бахтии тошкандӣ охири моҳи октябр писарашро тӯй кард
Бахтии тошкандӣ охири моҳи октябр писарашро тӯй кард

Гурӯҳе аз намояндагони "олами ҷиноӣ" дар боздоштгоҳи рақами 5-и шаҳри Маскав барои тӯйи писари "дузди қонунӣ" ё ҷинояткори бонуфуз аз Узбакистон Бахтиёр Қудратиллоев, ки бештар бо номи Бахтии Тошкандӣ маъруф аст, аз зиндониён 100 ҳазор рубл ҷамъ овардаанд.

Дар ин бора ҳамсари яке аз зиндониёни боздоштгоҳ, ки нахост номаш зикр шавад, хабар дод. Ин зан барои собит кардани даъвояш як навори видеоӣ низ дорад. Ӯ мегӯяд, ҳабдаҳ зиндонии боздоштгоҳ, аз ҷумла шавҳари ӯ, маҷбур буданд барои тӯйи писари Бахтии тошкандӣ 100 ҳазор рубл супоранд.

"Касе ҳар рӯз аз номи Бахтиёр ба онҳо занг мезанад. Мардеро, ки дар тан либоси варзишии сурх дорад, Гирихан меноманд. Вай "нозир"-и утоқ аст. Зиндониҳо пулро ба Бобирмирзо Ғуломов медиҳанд, ки дар навор бо забони русӣ суҳбат мекунад. Зиндониҳо ҳамагӣ 100 ҳазор рубл ҷамъ оварданд. Ман 5 ҳазор додам. Бархеҳо бисёртар доданд", - мегӯяд ин зан.

100 ҳазор рубли зиндониён барои тӯйи Бахтиёр Қудратиллоев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Аммо яке аз наздикони Бахтиёр Қудратиллоев ин даъвоҳоро рад кард. "Бахтӣ зиндонҳои Маскавро назорат намекунад, ӯ аз ин ҳақ бархӯрдор нест", - мегӯяд як шахси наздик ба Бахтӣ.

XS
SM
MD
LG