Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори коршиносон аз таҳдиди Путин ба Ғарб


Карикатураи Сергей Экин
Карикатураи Сергей Экин

Гурӯҳе аз коршиносони амниятӣ ва сиёсати хориҷӣ гуфтанд, ҳукуматҳои кишварҳои ғарбӣ дар баробари амалкардҳои хасмонаи Русия нисбат ба кишварҳои демократӣ вокуниши “маҳдуд ва заиф” нишон додаанд.

Дар баёнияи муассисаи таҳқиқотиии Арзишҳои Аврупоӣ, 70 коршинос гуфтаанд, зарур аст, то барои монеъ шудан ба барномаи Владимир Путин ҷиҳати “ихтилоф андохтану ҳукмронӣ кардан дар минтақаи Аврупову Атлантик” чора андешида шавад.

Дар баёнияи онҳо аз рӯзи 9-уми ноябр омадааст, ки Владимир Путин, тасмим гирифтааст, кишварҳои демократиро битарсонад ва озор бидиҳад, вале сиёсатмадорони зиёди Ғарб инро дарк накардаанд.

Дар баёния омадааст, ки Русия ба баъзе аз кишварҳо таҳдид мекунад, ба баъез ваъда медиҳад, ки дар сурати пеш гирифтани сиёсати зидди Ғарб бо онҳо созишномаҳои муфиди энержӣ мебандад.

XS
SM
MD
LG