Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО ба Афғонистон 3 ҳазор сарбози дигар мефиристад


Нишасти НАТО дар Брюссел дар рӯзи 9-уми ноябр
Нишасти НАТО дар Брюссел дар рӯзи 9-уми ноябр

Рӯзи дуввум аст, ки дар шаҳри Брюссел нишасти вазирони дифои кишварҳои узви НАТО идома дорад ва қарор аст, онҳо теъдоди нерӯҳои паймон дар Афғонистонро зиёд кунанд. Айни замон дар Афғонистон 13 ҳазор сарбози НАТО қарор доранд ва интизор меравад, 3 ҳазор сарбози дигар барои кӯмак ба ҳукумати Афғонистон дар ҷанг ба зидди Толибон ба онҳо ҳамроҳ шаванд.

Ҷенс Столтенберг, дабири кулли НАТО қабл аз шурӯи нишаст дар рӯзи 8-уми ноябр гуфт, ки нерӯҳои нав мустақим дар ҷангҳо ширкат намекунанд ва нақши онҳо “тамрин, машварат ва кӯмак” дар маъмуриятҳо мешавад. Нисфе аз он нерӯҳо сарбозони амрикоӣ хоҳанд буд.

Амрикову НАТО ва ҳампаймонҳояшон то соли 2014 дар Афғонистон бештар аз 100 ҳазор сарбоз доштанд ва баъдан маъмурияти таъмини амниятро ба ӯҳдаи нерӯҳои миллӣ гузоштанд. Аммо солҳои ахир Толибон дигарбора сар боло кардаанд ва гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ низ ҳамлаву хунрезиро дар Афғонистон бештар кардааст.

XS
SM
MD
LG