Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарзода: "Аз додгоҳҳо хаста шудам. Ҷаримаро пардохт мекунам"


Додгоҳи шаҳри Душанбе, дархости бознигарии ҳукми Сайфиддин Назарзода, раиси собиқи Китобхонаи миллиро рад кардааст. Назарзода аз додгоҳи шаҳри Душанбе хоста буд, ҳукми пардохти 12500 сомонӣ ҷаримаро беэътибор эълом кунад.

Рӯзи 28-уми сентябри соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Исмолии Сомонии пойтахт, Сайфиддин Назарзодаро ба ҷурми нақзи қонуни танзим ба пардохти ин ҷарима маҳкум карда буд. Раиси собиқи китобхонаи миллӣ, баъд эъломи ҳукм гуфта буд аз ин қарори додгоҳ розӣ нест ва ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳад бурд.

Худи Сайфиддин Назарзода 9-уми ноябр дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ таъйид кард, ки ҳукми додгоҳи Душанбе як ҳафта пеш қарори додгоҳи қаблиро дуруст арзёбӣ кард ва ӯ ҳам тасмим гирифт ин ҷаримаро батадриҷ пардохт кунад. Сайфиддин Назарзода гуфт, аз даъвоҳои судӣ ва талоши исботи бегуноҳиаш хаста шудааст: “Дигар намехоҳам пайи ин баҳсҳои додгоҳӣ гардам, ҷаримаро месупорам”.

Қазияи Сайфиддин Назарзода яке аз аввалин ҳолатҳои ба додгоҳ кашида шудани як мақомдори давлатӣ аст, ки дар чаҳорчӯби риояи Қонуни танзими расму оинҳои кишвар муҳокима шудааст. Сайфиддин Назарзода рӯзи 15-уми август, як ҳафта баъди дар телевизион интиқод шудани тарзи барпо кардани маъракаи арӯсии писараш дар нақзи қонун муттаҳам ва аз мақоми мудири Китобхонаи миллӣ барканор шуд.

Ин барнома аз сӯи Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таҳия шуд ва баҳси аслӣ бар сари теъдоди меҳмонони тӯйи писари Сайфиддин Назарзода буд.

Аммо худи Назарзода гуфт, "меҳмонҳо такрор ба такрор ҳисоб шудаанд. Дар тӯй на 247 нафар, балки 149-150 нафар меҳмон ҳузур дошт ва дигарон ашхоси барои мо ва қудоям ношинос мебошанд."

Мақомот бовар доранд, ки дар ин маърака теъдоди зиёди меҳмонон иштирок доштанд ва он муғойир бо қонуни танзим аст. Дар ин гузориш гуфта мешуд, ки Сайфиддин Назарзода дар оши наҳори тӯйи писараш аз меъёр зиёд одам даъват кардааст.

Бархе сокинон гуфтанд, ки ҳукми Назарзода бештар хусусияти намоишӣ дошт, то ки ба дигар аъзои ҷомеа нишон дода шавад, ки дар миёни онҳое, ки ба додгоҳ кашида ва муҷозот мешаванд, мақомоти давлатӣ ҳам мебошанд. Худи Назарзода аз оғоз ин ҳукм ва тамоми иттиҳомоти зидди худро ноодилона ва дур аз воқеият номидааст.

XS
SM
MD
LG