Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Олмон ҷинси сеюмро дар санадҳо қонунӣ карданд


Додгоҳи Қонуни асосии Олмон ба шаҳрвандон иҷоза дод, ки ҷинси сеюмро дар санадҳо зикр кунанд. Сухан аз боби одамҳое меравад, ки худро на мард меҳисобанд, на зан. Акнун онҳо метавонанд ҷинси худро дар шиноснома "интерсекс", ё "гуногун"зикр кунанд.

То охири соли оянда, дар ин робита ба қонунгузории Олмон дигаргунӣ ворид хоҳад шуд. Дар қарори Додгоҳи Қонуни асосии Олмон гуфта мешавад, ки набуди ҷинси сеюм дар графаи "ҷинс", қонун дар бораи ҷилавгирӣ аз табъизро нақз мекард. Қонуни нав бояд ҳуввияти ҷинсии онҳорео ҳимоя кунанд, ки худро зан ё мард ҳисоб намекунанд ва ба гуфтаи фаъолон, теъдоди онҳо дар Олмон ба 80 ҳазор нафар мерасад.

Қарори додгоҳ баъди муроҷиатҳои зиёди бошандаи 27 солаи Лейптсиг содир шуд. Ӯ бо нишонаҳои ҳарду ҷинс ба дунё омад, аммо расман ҳамчун зан сабт шуда буд. Ӯ дар ҳоле ба Додгоҳи Қонуни асосӣ рӯ овард, ки муроҷиатҳояш ба идораҳои дигар бесамар буданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG