Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон тарҳи хати интиқоли нерӯи барқ бо Тоҷикистонро таҳия мекунад


Мақомоти Узбакистон гуфтаанд, тарҳи панҷумин хати интиқоли нерӯи барқи дуҷониба бо Тоҷикистонро, ки имкони дар як вақт интиқолу содироти барқ миёни ду кишварро ба роҳ мемонад, таҳия мекунанд. Моҳи декабри соли 2009 Узбакистон расман аз шабакаи умумии барқи Осиёи Миёна хориҷ шуд ва содироту воридоти барқ миёни ду кишвар бо ин қатъ гардид. Хабаргузории “АКИПРЕСС” аз қавли Исо Саъдуллоев, сардори Шӯъбаи рушди стратегии “Узбекэнерго” навиштааст, ки ҳадафи аслӣ барқарории интиқоли дуҷонибаи барқ миёни Тоҷикистону Узбакистон аст, ки ҳоло омода мешавад.

Замони Шӯравӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ шабакаи ягонаи барқрасонӣ фаъол буд. Пас аз истиқлоли кишварҳои осиёи Миёна ин шабака то чанд соли баъд низ фаъол буд. Соли 2009 Узбакистон аз шабакаи умумии барқи Осиёи Миёна хориҷ шуд. Туркманистон ин шабакаро соли 2003 тарк карда буд. Ба ин тартиб, баъд аз хуруҷи Узбакистон аз ин шабака Тоҷикистон аз дарёфти 1,2 млрд кВт/соат барқи Туркманистон маҳрум шуд, зеро Узбакистон дигар намехост тавассути шабакаҳои худ барқи Туркманистонроба Тоҷикистон интиқол диҳад.

Низоми додани барқ ба минтақаҳои ҳаммарзи кишварҳои ҳамсоя низ аз ҳам пошид. Ин кишварҳо аз минтақаҳои марказии худ ба чунин минтақаҳо хаттиинтиқоли барқ кашиданд. Тоҷикистон низ водор шуд, то хатти интиқолибарқи Шимол-Ҷанубро созад, ки он барои ҳадафҳои дигар низ истифода хоҳад шуд. Узбакистон хатти Тошканд-Ғузорро сохт.

Хабари барқарор кардани шабакаи барқрасонӣ миёни ду кишвар дар ҳолест, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон рӯзи 2-уми ноябр зимни сафар ба Тоҷикистон гуфт, кишвараш омодаи интиқоли барқ ба Тоҷикистон ҳаст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG