Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлагари калисои Тексас аз тимористон фирор карда буд


Мақомоти ИМА ҳамла ба калисоро таҳқиқ мекунанд
Мақомоти ИМА ҳамла ба калисоро таҳқиқ мекунанд

Гумонбари куштори дастаҷамъии ибодакунадагон дар калисои Тексас панҷ сол пеш аз тимористон, ё шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ фирор карда буд. Дар ин бора пулис рӯзи 7 ноябр хабар дод. Ба маълумоти ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ИМА, Девин Келлӣ барои латту кӯби ҳамсар ва писарандараш иҷборан ба тимористон интиқол ёфта буд.

Келлӣ аз шифохонаи аёлати Ню-Мексико соли 2012 фирор кард. Ба гуфтаи кормандони тимористон, бемор ихтилоли равонӣ дошт ва барои атрофиён хатарнок буд. Дар гузориши пулис ҳамчунин гуфта мешавад, ки Девин Келлӣ, ҳангоми фаъолият дар нерӯҳои мусаллаҳи ИМА, фармондеҳонашро ба марг таҳдид карда буд. Ӯ ҳамчунин барои берун бурдани силоҳ аз пойгоҳи низомӣ талош кард. Охирҳои соли 2012 додгоҳи ҳарбӣ Келлиро ба 12 моҳи зиндон маҳкум кард.

Рӯзи якшанбеи 5 ноябр, низомии собиқ Девин Келлӣ дар калисои бабтистҳо ба сӯи ибодаткунандагон оташ кушод ва дастикам 26 нафарро қурбон кард. 20 нафари дигар захм бардоштанд.

Ҳангоми берун шудани Келлӣ аз калисо, яке аз сокинони маҳаллӣ ба сӯи ӯ аз камон тир кушод. Келли захмӣ шуд, аммо тавонист аз макони ҷиноят фирор кунад. Баъди пайгирии кӯтоҳ мошини шикаста ва дар дохилаш ҷасади Келлӣ ёфт шуд. Маълум нест, ки ӯ худкушӣ кард ё аз ҷароҳати бардошта дар ҷараёни тирпарронӣ ба ҳалокат расид.

XS
SM
MD
LG