Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлагари калисои Тексас бо хушдоманаш муноқиша дошт


Шабакаҳои иҷитимоӣ ин ду аксро ҳамчун акси ҳамлагари калисои Тексас пахш кардаанд
Шабакаҳои иҷитимоӣ ин ду аксро ҳамчун акси ҳамлагари калисои Тексас пахш кардаанд

Мақомоти Ийолоти Муттаҳида мегӯянд, ки ҳамлагари калисои Тексас Девин Патрик Келлӣ, қабл аз оташ кушодан ба сӯи намозгузорон, ба хушдоманаш СМС-и таҳдидомез фиристод.

Рӯзи 5 ноябр, дар ҳамлаи мусаллаҳонаи Келли ба як калисои хурд дар шаҳри Сазерленд- Спрингс дастикам 26 нафар кушта шуд.

Раиси пулиси Тексас Фриман Мартин рӯзи 6 ноябр гуфт, ки ҳамла зоҳиран аз мушкили дохилӣ маншаъ гирифтааст.

"Ин ҳамла заминаи нажодӣ ва мазҳабӣ надорад"- гуфт Мартин.

Ба гуфтаи раиси пулис ҳамлагари 26 сола Девин Патрик Келли баъдан аз ҷароҳати тири яке аз шоҳидони ҳодиса ба ҳалокат расид.

Мақомот мегӯянд, дар вақти оташ кушодани Келли ба сӯи аҳли калисо, аъзои хонаводааш дар он ҳузур надошт.

Ин мард барои бадрафторӣ бо ҳамсар ва кӯдакаш аз Нерӯҳои Ҳавоӣ ронда шуд ва Додгоҳи низомӣ ӯро ва ба мӯҳлати 12 моҳ аз озодӣ маҳрум карда буд.

XS
SM
MD
LG