Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи мусаллаҳ ба шабакаи телевизионии "Шамшод" ҳамла кард


Сарбозони амниятии Афғонистон саҳнаи ҳамла ба телевизиони хусусии "Шамшод"-ро иҳота карданд. 7 ноябри соли 2017
Сарбозони амниятии Афғонистон саҳнаи ҳамла ба телевизиони хусусии "Шамшод"-ро иҳота карданд. 7 ноябри соли 2017

Як гурӯҳи мусаллаҳ ба шабакаи телевизиони хусусии "Шамшод"-и Афғонистон ҳамла кард ва пулис ба Радиои Озодӣ гуфт, ки теъдоди кушташудаҳо ҳанӯз дақиқ нест.

Корманди шабака ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъзе хабарнигорон ва кормандон тавонистанд аз бино фирор кунанд, аммо бахши умдаи одамон дар дохил дармондаанд ва даргириҳо ҷараён доранд.

Шоҳидон мегӯянд, аввал таркиш ба вуқӯъ пайваст ва ба думболи он дастикам се марди мусаллаҳ ба бинои телевизиони маъруфӣ паштузабон ворид шуд.

Басир Муҷоҳид - сухангӯи пулиси Кобул аз эҳтимоли хисороти ҷонӣ нигаронӣ кард, аммо гуфт, ки теъдоди қурбониҳо ҳанӯз маълум нест.

Саҳифаи шабакаи телевизионӣ дар твиттер навишт, ки кормандон аз якчанд қурбонӣ дар дохили бино хабар доданд. Онҳо дар сӯҳбати телефонӣ теъдоди қурбониҳоро дастикам панҷ нафар гуфтанд.

Як мақоми амнятӣ бидуни зикри номаш гуфт, ки яке аз ҳамлагаронро нигаҳбонҳо аз байн бурданд.

Ба думболи ҳамла шабакаи телевизионии "Шамшод" барномаҳояшро қатъ кард.

Ҳуввияти ҳамлагарон то ҳол маълум нест, аммо гурӯҳи Толибон бо пахши як изҳорот даст доштанаш дар ин ҳуҷумро рад кард.

Соли гузашта, ҳамлагари интиҳории Толибон ҳафт корманди телевизиони "Тулӯъ"- шабакаи маъруф дар Афғонистонро ба ҳалокат расонд.

XS
SM
MD
LG