Дар маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков роҳбарони кишварҳои дигар даъват нашудаанд. Дар ин бора роҳбари дастгоҳи президенти Қирғизистон Алмаз Усенов хабар медиҳад.
Ба гуфтаи вай, ин қарор "бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ" қабул шудааст. Вай афзуд, дар маросим ҳамаи сафирони кишварҳои хориҷиро даъват мекунанд.
Маросими савгандёдкунии Ҷеенбеков 24 ноябр таъйин шудааст. Вай дар интихоботи 15 октябр бо касби бештар аз 54% раъйи мардум пирӯз шуд.
Муҳлати салоҳияти президенти амалкунанди Қирғизистон Алмосбек Отамбоев 1 декабр ба охир мерасад. Қарор аст, вай 15 ноябр нишасти матбуотӣ баргузор кунад.