Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон дар маркази Истанбул хонаи опера бунёд мекунад


Эрдуғон дар ҳуҷраи райдиҳӣ
Эрдуғон дар ҳуҷраи райдиҳӣ

Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон барномаи зиддунақизи бунёди хонаи опера дар маркази Истанбулро рӯӣ даст гирифт ва гуфт, ки ин бино намод, ё символи шаҳр хоҳад шуд.

Эрдуғон рӯзи 6 ноябр гуфт, ки хонаи опера ба Майдони Тақсим ҷони тоза ато мекунад.

Ин майдон соли 2013 - дар авҷи баҳси бозсозии Боғи Ғозӣ макони эътирозҳо шуд, ки баъдан ба тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ ва нооромиҳое печид, ки Ҳизби Адолат ва Тавсиаи Раҷаб Тайиб Эрдуғон тайи даҳ соли ҳукуматаш шоҳид нашуда буд.

Хонаи опера бо 2,500 ҷойи нишаст, дар қаламрави Маркази Фарҳангии Отатурк бунёд меёбад ва қарор аст соли 2019 ифтитоҳ шавад. Маркази фарҳангии Отатурк соли 1969 баъди як оташсӯзӣ баста шуд. Соли 1978 дубора боз шуд, аммо соли 2008 онро барои бозсозӣ бастанд ва тамим ҳеҷ гоҳ сурат нагирифт.

Мунақидони таҳр мегӯянд, ки театри опера намоди Ҷумҳурии Туркияро, ки баъди суқути империяи Усмониҳо аз тарафи Мустафо Камол Отатурк бунёд ёфт ва марказ ҳам номи ӯро гирифтааст, аз байн мебарад.

Ҳизби Адолат ва Рушди Эрдуғон аз исломи замонавӣ реша мегирад, аммо баҳсҳое вуҷуд доранд, ки ин ҳизб ва худи Эрдуғон ба арзишҳои дунявӣ, ки дар Қонуни асосӣ зикр шудаанд, содиқ ҳастанд ё хайр.

XS
SM
MD
LG