Пайвандҳои дастрасӣ

Қазоқистон беш аз 100 тонна маҳсулоти Қирғизистонро баргардонд


Аз 21 то 28 октябр дар Қазоқистон 16 ҳолати вайрон кардани тартиботи воридсозии маҳсулот аз ҷониби Қирғизистон ошкор шуд. Дар маҷмуъ дар як ҳафта бештар аз 100 тонна маҳсулот ба Қирғизистон баргардонида шуд. Дар ин бора сомонаи вазорати кишоварзии Қазоқистон хабар медиҳад.

Дар 3 ҳолат маҳсулот бе сертификати фитосанитарӣ, се ҳолати дигар зараровар ва дар 10 ҳолати дигар бастаҳо бе нишона будаанд.

3 ноябр дар ноҳияи Кордайи Қазоқистон дар рафти санҷиши фитосанитарӣ аз 20 тонна хурмои Қирғизистон моддаи зараровар ошкор ва ин маҳсулот баргардонида шуд.

Дар паи як ихтилофи лафзии президентони Қирғизистон ва Қазоқистон сар аз 10 октябр Қазоқистон назорати марзиро шадид кард.

Ин боис шуд, ки дар гузаргоҳҳои марзӣ навбатпоии тӯлонӣ ба вуҷуд ояд. Дар ин моҷаро беш аз ҳама ронандагони мошинҳои борбар зиён диданд.

Ташдиди назорати марзиро Остона мубориза бо маҳсулоти қочоқӣ меномад. Бишкек дар навбати худ мегӯяд, ҷониби Қазоқистон "монеаҳои сунъӣ" эҷод мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG