Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Русия 260 нафар аз миллатгароёни русро, ки дар маркази Маскав барои эътироз ба зидди давлат ҷамъ омаданд, дастгир кардаанд. Ин афрод мехостанд, дар рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Русия тазоҳурот ташкил кунанд.

Вазорати умури дохилӣ гуфт, ки рӯзи 5-уми ноябр 263 нафарро барои ширкат дар тазоҳуроти ғайриқонунӣ дар Майдони Манеж дар Маскав дастгир кардаанд. ОВД-инфо, як шабакае, ки саркӯби тазоҳургаронро назорат мекунад, гуфт, теъдоди боздоштшудаҳо тақрибан ба 300 нафар мерасад.

Ба гуфтаи шабака, 20 нафари дигарро дар Санкт Петербург, Краснодар ва чанд шаҳри дигари Русия боздошт кардаанд. Рӯзи 4-уми ноябр маъмурони интизомии Русия даҳҳо нафар аз миллатгароёни тазоҳургарро дастгир карданд. Вячеслав Малтсев, яке аз мунтақидони давлати Русия, ки дар хориҷ ба сар мебарад, бо нашри видеое дар Ютюб гуфт, ки Русия ин ҳафта барои “инқилоб” бедор шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG