Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи дифоъ аз журналистон аз Русия хост, Рудниковро озод кунад


Игор Рудников
Игор Рудников

Кумитаи дифоъ аз журналистон аз Русия хост, ки Игор Рудников, муассиси рӯзномаи “Новые колеса” ва намояндаи маҷлиси маҳаллӣ дар Калининградро озод кунад. Ин кумита аз Русия ҳамчунон хост, дар мавриди латту кӯби Рудников дар боздоштгоҳ низ таҳқиқ намояд.

Додгоҳи Калининград рӯзи 3-юми ноябр дастур дод, Игор Рудников, ки ба иттиҳоми гирифтани панҷоҳ ҳазор доллар аз як мақоми маҳаллӣ боздошт шудааст, дар ҳабс бимонад.

Масъулони додгоҳ гуфтанд, Рудников ин миқдор пулро аз ин мақоми маҳаллӣ ба хотири чоп накардани мақолаҳое гирифтааст, ки ба обрӯву нуфузи аввалӣ осеб мерасонад.

Ҳамкорони Рудников ин иттиҳомотро беасос хонданд. Онҳо гуфтанд, ки баръакс ӯ дар ҷараёни боздошт ба шиддат латту кӯб шудааст.

XS
SM
MD
LG