Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ҳашт марзбони эронӣ дар даргирӣ бо гурӯҳи мусаллаҳ


Дар натиҷаи даргирӣ миёни нирӯҳои эронӣ ва афроди мусаллаҳ дар наздикии марзи ин кишвар бо Туркия, ҳашт марзбони Ҷумҳурии Исломӣ кушта шуданд.

Телевизиони давлатии Эрон ва хабаргузории расмии ИРНА гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 3-юми ноябр иттифоқ афтодааст. Хабаргузории Садо ва симо гузориш дод, ки сарҳадбонҳои Эрон дар навбати худ ба афроди мусаллаҳ талафоти сангин ворид кардаанд.

Ҳарчанд гуфта нашудааст, ки афроди мусаллаҳ вобаста ба кӣ ё кадом гурӯҳ буданд, ин минтақаи наздик ба сарҳади Туркия ва Ироқ гоҳ-гоҳе саҳнаи даргирӣ бо гурӯҳҳои ҷудоиталаби курд ва ҳамчунон тундравони исломӣ будааст.

Моҳи гузашта чаҳор фарди мусаллаҳ дар ин минтақа аз тарафи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG