Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп рӯзи 3 ноябр силсилаи сафарҳояшро дар Осиё оғоз мекунад, ки то 14 ноябр идома хоҳад дошт. Ин тӯлонитарин сафари як раиси ҷумҳури ИМА дар 25 соли ахир аст.
Рӯзи панҷшанбе Трамп аз Ҳавайи боздид мекунад ва аз он ҷо ба Ҷопон меравад. Ба реҷаи ин сафари тӯлонӣ боздид аз Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Ветнам ва Филиппин шомил шудааст.
Боздид аз Кореяи Чанубӣ ва Чин мақоми болотарин сафари давлатиро доранд. Интизор меравад, ки мавзӯи аслии мулоқотҳои Трамп дар ин ду кишвар авзои атрофи Кореяи Шимолӣ хоҳад буд.
Трамп дар Ветнам рӯзҳои 10-11 ноябр дар форуми иқтисодии кишварҳои ҳавзаи Осиё ва Уқёнуси ором иштирок мекунад. Ӯ дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии FoxNews гуфт, ки барнома дорад бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот кунад. Ба гуфтаи Трамп, Русия метавонад дар ҳалли бӯҳрони Сурия ва нимҷазираи Корея кӯмак кунад. Дар баробари ин, Трамп мехоҳад бо Путин авзои Украинаро баррасӣ кунад. Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков тасдиқ кард, ки мулоқоти ду раҳбар дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.