Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари сарнагуншудаи Каталония таҳти пайгард қарор гирифт


Карлес Пучдемонт дар Белгия
Карлес Пучдемонт дар Белгия

Додгустари Испания раҳбари ҳукумати сарнагуншудаи Каталония Карлес Пучшемонро дар пайгирди Аврупо қарор дод. Дар ин бора вакили Пучдемон рӯзи 2 нобяр дар Белгия хабар дод. Додситонҳои Испания боздошти Пучдемон ва чаҳор узви ҳукумати сарнагуншудаи ӯро дархост кардаанд.

Ин панҷ нафар дар мурофиае, ки рӯзи 2 ноябр баргузор шуд, ҳозир нашуданд. Мадрид онҳоро ба шӯришгарӣ, суистифодаи буҷаи давлат ва нақши онҳо дар барномарезии реферундуми баҳсбарангези мустақилият муттаҳам кардааст.

Нӯҳ узви кобинаи сарнагуншудаи Каталония барои бозпурсӣ ба додгоҳ ҳозир шуданд. Ҳашт нафари онҳо бидуни ҳаққи пардохти гаравпулӣ ба зиндон интиқол ёфтанд. Як нафари дигар ба пардохти 50 ҳазор евро муваззаф шуд.

Худи Пучдемон рӯзи гузашта дар як навори видеоӣ талаб кард, ки ҷонибдоронашро озод кунанд.

Каталония рӯзи 1 октябр барои мустақилият аз Испания назарсанҷӣ баргузор кард ва порлумони минтақавӣ истиқлолияти Каталонияро эълон кард. Мадрид реферундумро ғайриқонунӣ хонд ва порлумону ҳукумати ин минтақаро пароканда кард.

XS
SM
MD
LG