Пайвандҳои дастрасӣ

Президент Трамп 11 дақиқа аз твиттер маҳрум шуд


Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп

Рӯзи 2 ноябр саҳифаи корбарии раиси ҷумҳури Амрико барои 11 дақиқа аз твиттер, ки Трамп аз он бисёр истифода мекунад, нопадид шуд. Дар ин бора раҳбарияти ширкати твиттер хабар дод.

Ба гуфтаи онҳо, саҳифаи президентро як коргарони твиттер масдуд кард, ки 2 ноябр охирин рӯзи кораш дар ин ширкат буд. Агарчӣ саҳифаи президент Трамп ҳамагӣ 11 дақиқа аз кор баромад, вале твиттер ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардааст.

Президенти Амрико саҳифаи @realDonaldTrump дар твиттерро соли 2009 боз кард. Ӯ беш аз 40 миллион пайрав дорад. Ин саҳифаи хусусии президент аст. Трамп ин платформаро барои пахши изҳороти сиёсӣ истифода мекунад ва тарҷеҳ медиҳад, аз саҳифаи расмии президенти Амрико дар твиттер, ки аз як раиси ҷумҳур ба дигарӣ мегузарад, истифода накунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG