Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони аврупоӣ густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд


Вазъи сиёсии Тоҷикистон, хатарҳои терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамкориҳои иқтисодӣ аз мавзӯъҳои аслии сӯҳбати ҳайати вакилони парлумони Аврупо ва вакилони тоҷик дар Душанбе буд, ки 2 ноябр ҷараён гирифт.

Маҳбуба Абдуллоева, сухангӯи намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳафт тан аз вакилони Аврупо бо ҳамтоёни тоҷики худ сӯҳбат карданд ва қарор аст, бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ва Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси маҷлиси Миллӣ низ дидору мулоқот кунанд.

Хонум Абдуллоева гуфт, ҷузъиёти дигари ин дидору мулоқотҳо дертар ошкор мешавад. Дар дафтари матбуотии парлумони Тоҷикистон рӯзи 2-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Шариф Раҳимзода, раиси кумитаи парлумон оид ба иқтисод ва молия ҳайати аврупоиро ҳамроҳӣ мекунад. Сафари ин ҳайат ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи шашуми Шӯрои ҳамкории дуҷониба миёни парлумонҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо сурат мегирад.

Шариф Раҳимзода, вакили парлумон дар сӯҳбат бо ҳайати вакилони аврупоӣ гуфтааст, “Иттиҳоди Аврупо муҳимтарин шарики байналмилалӣ барои Тоҷикистон аст, ки дар имзои истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа, ҷалби сармояи хориҷӣ дар соҳаҳои муҳимтарини ҷумҳурӣ, аз ҷумла иқтисод, рушди бахши иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист саҳми бузург дорад”.

Иттиҳодияи Аврупо ҳамасола ба Тоҷикистон ба маблағи 35 миллион евро кӯмаки бебозгашт ба хотири поин рафтани сатҳи фақр мекунад. Ба ҷуз, ин соли 2014 ин иттиҳодия бар асоси як қарордод ваъда супурд, ки ба Тоҷикистон то соли 2020 беш аз 250 миллион евро ёрӣ мерасонад.

XS
SM
MD
LG