Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон Қодиров даъват кард, ки Ленинро ба хок супоранд


Сайёҳон дар атрофи мавзолейи Ленин
Сайёҳон дар атрофи мавзолейи Ленин

Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров даъват кард, ки ҷасади Владимир Ленин ба хок супурда шавад. "Бас аст мурдаро тамошо кардан",- наиштааст Қодиров рӯзи 1 ноябр дар канали "Телеграм". Ба назари Рамазон Қодиров " дуруст нест, ки дар қалби Русия, дар Майдони сурх, тобуту ҷасад нигоҳ дошта мешавад".

Шарҳи раҳбари Чеченистон ба суханони раиси палатаи болоии порлумони Русия Валентина Матвиенко буд, ки эҳтимоли назархоҳии гӯронидани Ленинро матраҳ кард.

Ровии телевизион ва довталаби курсии раёсати ҷумҳур дар интихоботи соли 2018, Ксения Собчак " ҷасади Ленин дар майдони асосии Русияро "шеваи зиндагии асримиёнагӣ" унвон кард.

Президенти Русия Владимир Путин соли 2016 ба пешниҳодҳои гуронидани "доҳии болшевикҳо" мухолифат нишон дод ва гуфт, бархурд ба ин мавзӯъ бояд тавре бошад, ки ҷомеаро тақсим накунад.

XS
SM
MD
LG