Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навоз Шариф ба Исломобод баргашт. Вазири молия дар Лондон бистарӣ шуд


2 ноябр Навоз Шариф дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Беназир Бҳуттои Исломобод фуруд омада савори мошин рад шуд
2 ноябр Навоз Шариф дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Беназир Бҳуттои Исломобод фуруд омада савори мошин рад шуд

Нахуствазири барканоршудаи Покистон Навоз Шариф рӯзи 2 ноябр ба Исломобод баргашт, то ки дар мурофиаи зиддикоррупсионӣ, ки дар он дороиҳои пинҳонии хонаводаи ӯ баррасӣ мешавад, ҳозир шавад. Навоз Шариф ба гуфтаи худаш, бо сабаби бемории саратони ҳамсараш дар Лондон қарор дошт. Рӯзи 3 ноябр нахуствазири собиқ бояд дар додгоҳ ҳозир шавад. Ба ин сиёсатмадори 70-сола ҳукми ҳабс таҳдид мекунад.

Муттафиқони Шариф, ки ду дафъа нахуствазири Покистон буду, соли 1999 дар паи кудатои низомӣ барканор шуд, мурофиаро як қассосгирии сиёсӣ номида гуфтааст, ки дар пушти ин додгоҳ артиши муқтадири Покистон қарор дорад. Рӯзи 1 ноябр Навоз Шариф дар як мусоҳибааш бо Geo TV дар Лондон гуфт, ки иттиҳомоти зидди ӯ “сохта” буда, ҳеҷ рабте ба фасодкорӣ надорад. Додгоҳи олии Покистон моҳи июл Навоз Шарифро дар даромадҳои пинҳонии пулӣ айбдор кард. Худи сиёсатмадор ин иттиҳомотро рад мекунад.

Радио Машъал – бахши Покистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки вазири молияи кишвар Исҳоқ Дор, ки интизор мерафт ҳамроҳ бо Навоз Шариф – раҳбари ҳизби Лигаи мусалмонони Покистон, ки худи ӯ ҳам узви он мебошад, ба Исломобод бармегашт, дар Лондон мондааст. Исҳоқ Дор гуфтааст, ки бо сабаби муолиҷаи қалбаш бояд дар бемористон бимонад. Исҳоқ Дор рӯзи 27-уми октябр бо ҳадафи ширкат дар ҳамоише ба Душанбе рафт ва аз он ҷо дигар ба ватанаш барнагашт. Парвандаи ӯро додгоҳи Покистон бо иттиҳоми фасод баррасӣ мекунад ва Исҳоқ Дор бояд рӯзи душанбе, 30-уми октябр дар додгоҳ шаҳодат медод. Аммо рӯзи шанбе ҳавопаймои давлатие, ки ӯро ҳамроҳ бо се тан ҳамроҳонаш ба Душанбе оварда буд, бидуни Исҳоқ Дор ба Покистон парвоз кард. Радио Машъал гуфт, ки ӯ аз Душанбе ба Ҷидда ва аз он ҷо ба Лондон парвоз карду дар як ҳамоиши ҳизбӣ ҳам иштирок кард.

XS
SM
MD
LG