Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти президент Раҳмон бо дабири Шӯрои амнияти Русия


Акс аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Николай Патрушев дар соли 2014
Акс аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Николай Патрушев дар соли 2014

Дар Душанбе рӯзи 1 ноябр мулоқоти президенти Тоҷикистон ва дабири Шӯрои амнияти Русия баргузор шуд. Вебсайти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Николай Патрушев мавзӯи таҳкими амният дар минтақа, ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, баррасӣ шуд. Дар мулоқот ҳамчунин масоили марбут ба ҳамкориҳои низомӣ ва ҳарбию техникӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии артиши Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба иттилои хабаргузории "Интерфакс", рӯзи 1 ноябр инчунин Патрушев бо дабири шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ҳам дидору гуфтугӯ кард. Дар ин дидор роҳҳои тақвияти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷилавгирӣ аз пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистону Русия ба низоъҳои мусаллаҳонаи созмонҳои байналмилалии террористӣ, баррасӣ шуд.

XS
SM
MD
LG