Пайвандҳои дастрасӣ

Йилдрим: Ироқ гузаргоҳҳои Курдистон бо Туркияро таҳти назорат гирифт


Нахуствазири Туркия Биналӣ Йилдрим

Нерӯҳои Ҳукумати Ироқ назоратро бар гузаргоҳи аслии марзӣ дар байни Туркия ва Курдистон устувор кард. Дар ин бора нахуствазири Туркия Биналӣ Йилдрим рӯзи 31 октябр хабар дод.

Гузаргоҳи марзии Иброҳим ал-Халил "ба дасти ҳукумати марказии Ироқ гузашт",- гуфт Йилдрим ба ҳизби ҳоким дар мулоқоти телевизионӣ.

Ба гуфтаи Йилдрим аз ин ба баъд назорати тамоми марзҳоро мақомоти Ироқ ва Туркия анҷом хоҳанд дод.

Минтақаи Курдистон ба думболи баргузор кардани назархоҳии истиқлолият, ки Ироқ, Эрон, Туркия ва шарикони Ғарбии курдҳо ба он мухолиф буданд, то рафт дар инзиво қарор мегирад.

Нерӯҳои Ироқ дар канори нерӯҳои Туркия, дар марз мустақр шуданд ва дар тӯли ҳафтаҳои гузашта тамринҳои муштараки низомӣ анҷом доданд.

Дар марз аз ҳарду ҷониб одамони зиёд ҷамъ шудаанд, зеро дар ҷараёни гузаштани гузаргоҳ ба ихтиёри нерӯҳои ироқӣ, сарҳад баста шуд. Дар бораи ягон задухурд гузориш нашудааст.

Низомиёни Ироқ дар як изҳорот ҳамчунин гуфтанд, ки Бағдод барои таҳти назорат гирифтани марзи минтақаи Курдистон бо Сурия омодагӣ мегирад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG