Пайвандҳои дастрасӣ

Намояндагони Конгресс Трампро аз таъсиргузорӣ ба Мюллер ҳушдор доданд


Пол Манафорт - паҳбари пешини ситоди интихоботии Доналд Трамп

Демократҳо ва баъзе ҷумҳурихоҳон дар Конгресси ИМА ошкоро ба президент Трамп пайғом доданд, ки ба бозҷӯиҳои прокурори махсус - Роберт Мюллер монеа эҷод накунад. Раҳбари Ҳизби Демократ дар Сенат Чак Шумер гуфт, ки Трамп набояд ба "фаъолияти прокурори махсус дахолат кунад." Сенаторҳои дигар Трампро аз ҳамагуна талоши афв кардани айбдоршавандаҳо ҳушдор доданд.

Демократҳо бо нигаронӣ аз посухи ҷавобии Трамп, дар заминаи таҳқиқи дахолати эҳтимолии Русия ба умури интихоботи соли гузаштаи Амрико, мехоҳанд қоидаҳоеро ҷорӣ кунанд, ки президент натавонад онҳоро нақз кунад,- навиштааст хабаргузории Associated Press. Баъзе ҷумҳурихоҳон низ пешниҳодоти ба ин монандро матраҳ карданд.

Бар пояи беш аз даҳ иттиҳом, ки рӯзи душанбеи 30 октябр эълон шуд, Пол Манафорт, раиси пешини ситоди интихоботии Трамп ва шарики тиҷоратии ӯ Рик Гейтс, дар ростои ҳабси тӯлонӣ ва миллионҳо доллар ҷарима қарор доранд. Ба навиштаи Associated Press ба Манафорт 80 ва ба Гейтс 70 соли зиндон таҳдид мекунад.

Додситонҳо мегӯянд, ки Манафорт ва Гейтс ҳамчун агентҳои бе сабти номи ҳукумати Украина ва ҳизби "Партия регионов"- и Янукович " фаъолият карданд ва ба "пулшӯӣ" машғул буданд.

Дар айбнома гуфта мешавад, ки беш 75 миллион доллар тавассути ҳисобҳои оффшории ин ду шаҳрванди Амрико интиқол ёфтанд.

Манафорт ва Гейтс бо супурдани гаравпулӣ аз толори додгоҳ озод шуданд, аммо таҳти ҳабси хонагӣ қарор гирифтанд. Онҳо худро гунаҳкор намедонанд. Мушовири собиқи Доналд Трамп - Ҷорҷ Пападопулос айби худро эътироф кард ва гуфт, ки дар масъалаи тамосҳо бо Русия ӯ ба ФБР дурӯғ гуфта буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG