Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВАО аввалин боздоштҳои дахолати Русия дар интихоботи ИМА-ро интизор аст


Парчами Русия дар надикии сафорати Амрико дар Маскав
Парчами Русия дар надикии сафорати Амрико дар Маскав

Расонаҳои амрикоӣ менависанд, ки эҳтимол баъзе боздоштҳои гумонбарон, дар чаҳорчӯби парвандаи дахолати Русия ба умури интихоботи соли гузаштаи ИМА, аллакай 30 октябр ҷараён бигирад.

Ширкатҳои хабарии Амрико - нахуст CNN, баъдан NBC, Reuters ва дигарон гуфтанд, ки алайҳи якчанд нафар айб эълон шудааст. Бахши умдаи мақолаҳо бо такя ба манобеи беном мегӯянд, ки "Жюрии бузург"-и федеролӣ аз айбномаҳо пуштибонӣ ва ҳаками федеролӣ низ онҳоро тасдиқ кард. То ҳол маълум нест, ки айбдоршавандаҳо киҳо ҳастанд.

Вазорати адлия дар авҷи баҳси дахолати эҳтимолии Русия дар умури интихоботи соли 2016, барои таҳқиқи ин эҳтимол ва ҳамагуна созиши тими Доналд Трамп бо Русия, Роберт Мюллерро прокурори вежа таъин кард. Мюллер ҳамчунин эҳтимоли меонеагузорӣ ба адолатро таҳқиқ мекунад.

Кохи сафед хабарҳо дар бораи боздоштҳои эҳтимолиро шарҳ надод. Аммо президнт Доналд Трамп рӯзт 29 октябр бори дигар таҳқиқи ин қазияро танқид кард ва онҳро "шикори ҷодугарҳо" номид.

XS
SM
MD
LG