Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти котиби додгоҳ дар Суғд бо 5000 $ пора


Шаҳри Бустон (Чкалови пешин)

Мақомоти умури дохилӣ котиби маҷлиси Додгоҳи шаҳри Бӯстонро бо иттиҳоми гирифтани пора аз як шаҳрванди Қирғизистон, боздошт кардаанд. Ба гуфтаи Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ, котиби 35-солаи Додгоҳи шаҳри Бӯстон аз шаҳрванди Қирғизистон барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани ӯ 5 ҳазор доллар пора талаб кардааст.

Умарҷони Эмомалӣ рӯзи 30 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ аз ин зани сокини Қирғизистон ном набурд, аммо гуфт, ӯ 52-сол дошта, бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ, муттаҳам дониста мешуд. Қисми якуми моддаи 200-и Кодекси ҷиноятӣ, ки ин зодаи Қирғизистон бо он муттаҳам мешавад, то панҷ соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Сухангӯи Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, парвандаи ин занро Додгоҳи шаҳри Истиқлол пеш мебурд. Аммо ин масъули ВКД нагуфт, ки чигуна корманди Додгоҳи шаҳри Бӯстон барои озод кардани ин шаҳрванди Қирғизистон аз ҷониби Додгоҳи шаҳри Истиқлол, ба ӯ ваъда дода, маблағ гирифтааст. "Санаи 5-уми майи соли соли 2017, дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров номбурда дар ҳузури шахсони холис аз зани мазкур 230 000-рубли русиро гирифта, ба этиёҷоти худ сарф намудааст",-афзуд Умарҷони Эмомалӣ.

Масъулини Вазорати умури дохилӣ мегӯянд, шаҳрванди Қирғизистон баъди чанд муддати маблағ додан ба корманди Додгоҳи шаҳри Бӯстон, фиреб хӯрданашро фаҳмида, ба мақомот муроҷиат кардааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида ва масъулини ВКД мегӯянд, ки тафтишот идома дорад. Тафтиши ин қазияро Додситонии вилояти Суғд ва Оҷонсии зидди фасод пеш мебаранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG