Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Москва хотираи қурбониёни саркӯбии сталиниро гиромӣ доштанд


Дар шаҳри Москваи Русия 29 октябр ба ёди қурбониёни таъқибҳои сиёсӣ иқдоми "Эҳёи номҳо" баргузор шуд. Дар назди санги Соловетси майдони Лубянка аз соати 10-и рӯз то 10-и бегоҳ номи шахсоне ба забон оварда шуд, ки дар натиҷаи таъқибҳои сталинӣ ҷон бохтаанд.

Дар ҳамоиш беш аз ҳазор одам иштирок доштанд. Миёнашон фаъолони сиёсиву маданӣ, аз ҷумла, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия Татяна Москалкова, раиси ҳизби "Яблоко" Григорий Явлинский, узви Шӯрои федеролӣ Владимир Лукин, шореҳи телевизион ва довталаби курсии президентӣ дар ин кишвар Ксения Собчак низ буданд. Ҳамоишро созмони ҳомии ҳуқуқи "Мемориал" баргузор кард.

Бештари баромадкунандаҳо дар назди санги Соловетс аз муаррихи 61-сола Юрий Дмитриев ҳимоят карданд. Ин раҳбари бахши "Мемориал", ки 20 сол пеш қабри қурбониёни таъқибҳои сиёсиро дар Сандармох ва Бори сурх пайдо кард, аз моҳи декабри соли 2016 дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад.

"Мемориал" Юрий Дмитриевро маҳбуси сиёсӣ номидааст. Явлинский ҳангоми суханронӣ дар назди санги Соловетс қайд кард, ки Дмитриев дар "Эҳёи номҳо" нақши бузурге дошт. Собчак даъват, ки барои раҳоии муаррих тамоми талошҳоро бояд анҷом дод. Ӯ гуфт, Дмитриев барои ҳифзи ёди таъқибгаштагон корҳои бузургеро анҷом додааст.

Иқдоми "Эҳёи номҳо" аз соли 2007 ба ин тараф баргузор мешавад. Иштирок дар он озод аст. Дар Русия ҳамасола 30 октябр ҳамчун Рӯзи ёдбуди қурбониёни саркӯбҳои сиёсӣ қайд мешавад.

XS
SM
MD
LG