Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мудирияти Каталония ба дасти ҳукумати Испания гузашт


Мариано Рахой, нахуствазири Испания
Мариано Рахой, нахуствазири Испания

Порлумони Испания ба тарафдории мудирияти мустақими вилояти Каталония аз тарафи ҳукумати марказӣ раъй дод ва нахуствазир ҳукумати ин вилоятро аз мақомҳояшон барканор кард.

Мариана Рахой, нахуствазири Испания гуфт, волоияти қонунро дар Каталония барқарор мекунад ва аз ҳамаи мардуми шоҳигарӣ хост, ки “оромиро нигаҳ доранд”.

Баъди аз мақомҳояшон барканор кардан, Мариано Рахой масъулияти раҳбарии Каталонияро ба ӯҳдаи муовини аввали худ Сорайо Сантамарио гузошт.

Нимаи дуввуми рӯзи 27-уми октябр порлумони Каталония ин вилоятро мустақил ва ҷудо аз Испания эълон кард. Баъди ин Карлес Пучдемон раиси вилоят ва аъзои ҳукуматашро аз мақомҳояшон барканор карданд. Сардори пулиси вилоят ҳам сабукдӯш шуд. Дар Каталония интихоботи ҳукумати нав рӯзи 21-уми декабр сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG