Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар ҷараёни тамрин чаҳор мушаки баллистикӣ партоб кард


Путин ба ҷараёни тамрини Запад-2017 назорат мекунад. Акс аз бойгонӣ
Путин ба ҷараёни тамрини Запад-2017 назорат мекунад. Акс аз бойгонӣ

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҷараёни тамрини мудирияти силоҳҳои Стратегии ҳастаии кишвар, чаҳор мушаки баллистикӣ партоб кард.

Пештар аз ин Вазорати дифои Русия аз баргузории тамрине гузориш дод, ки дар он силоҳҳои стратегӣ озмоиш шуданд.

Мушаки баллистикии байниқоравии "Топол" аз пойгоҳи кайҳоншиносии Плесетск, воқеъ дар Архангелски Русия ва ду мушаки дигар аз киштии зериобии флоти Уқёнуси Ором партоб шуд. Мушаки чаҳорм аз аз киштии зериобии флоти Шимолии Русия дар минтақаи обии баҳри Барентсов партоб шуд. Вазорати дифоъ гуфт, ки мушакҳо ба ҳадафҳои тамринӣ дар пойгоҳҳои низомии қаламрави Русия зарба заданд.

Баъди ишғоли Қрим ва оғози низоъ дар Шарқи Украина, соли 2014, Русия теъдоди зиёди санҷишҳои ногаҳонӣ ва ва тамринҳои низомиро анҷом дод. Кишварҳои ғарбӣ борҳо дар ин робита изҳори нигаронӣ карданд.

XS
SM
MD
LG