Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия 8 фаъоли ҳуқуқи маҳкум ба "тероризм"-ро озод кард


Туркия- фаъоли ҳуқуқи башар Петер Стеуднер баъди раҳоӣ аз маҳбаси Истанбул. 26 октябри соли 2017
Туркия- фаъоли ҳуқуқи башар Петер Стеуднер баъди раҳоӣ аз маҳбаси Истанбул. 26 октябри соли 2017

Нимаи дуюми рӯзи 25 октябр додгоҳи Истанбул 8 фаъоли ҳуқуқи башар, бо шумули корманди масъули бахши минтақавии Созмони Афви байналмилалӣ, як шаҳрванди Олмон ва як табааи Шведсияро то замони судури ҳукумашон аз зиндон озод кард.

Онҳо аз гурӯҳи 11 нафаре буданд, ки ба "эҷоди бесуботӣ" дар ҷомеа, "узвият ва кӯмак ба созмонҳои террористӣ" маттаҳам буда, дар ростои камаш 15 соли зиндон қарор доранд. Ду нафари дигар низ то эълони ҳукуми додгоҳ аз боздошт раҳо шуданд.

Раҳбари бахши Афви байналмилалӣ дар Туркия-Танер Қилич, ки бо парвандаи ҷудогона дар боздоштгоҳи Измир қарор дорад, ҳанӯз озод нашудааст.

Ҳамаи боздоштшудаҳо иттиҳоми воридшударо рад мекунанд.

Ба думболи табаддулоти нокоми моҳи июли соли 2016, дар Туркия вазъи фавқулодда эълон шуд ва мақомоти кишвар ангушти иттиҳомро ба сӯи Фатҳуллоҳ Гулен, рӯҳонии шинохтаи турк, ки дар Амрико басар мебарад, баланд карданд. Гулен иттиҳоми ташкили табаддулотро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG