Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии ширкатҳои аврупоӣ аз манъи хадамоти VPN


сонсури интернет

Иттиҳодияи соҳибкорони Аврупо дар як нома ба "Роскомнадзор" ва Вазорати мухобироти Русия аз оғози амалишавии қонун дар бораи маҳдудияти хадамоти VPN изҳори нигаронӣ кард. Ин қонун сар аз 1 ноябр ба ҳукми иҷро медарояд. Дар ин бора шабакаи телевизионии РБК рӯзи 26 октябр гузориш дод.

Дар нома гуфта мешавад, ки бахши умдаи ширкатҳои хориҷӣ дар Русия барои ҳифзи каналҳои интиқоли маълумоти бизнес аз текноложии VPN истифода мекунанд. Иттиҳодия мегӯяд, ба ширкатҳои аврупоӣ бояд шарҳ дода шавад, ки оё онҳо метавонанд чун пештар барои ниёзҳои худ аз ин хадамот истифода кунанд ва оё зарур ҳаст, ки онҳо дар ин бора ба мақомоти Русия гузориш диҳанд.

Президенти Русия Владимир Путин қонун дар бораи масдуд кардани қуфлшиканҳо ва VPN-ро, ки дастрасӣ ба сомонаҳои мусдудро таъмин мекунанд, моҳи июл ба имзо расонд. Қонуншиканҳоро Хадамоти федеролии амният - ФСБ ва Вазорати умури хориҷии Русия мушаххас хоҳанд кард.

Созмони ҳуқуқи башари "Хонаи озодӣ" дар гузориши соли 2016 Русияро дар байни 20 кишваре ҷой дод, ки интернети озод надоранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG