Пайвандҳои дастрасӣ

Тиллерсон аз таҳдидҳои амниятӣ дар Покистон изҳори нигаронӣ кард


Тиллерсон дар мулоқот бо мақомоти Покистон

Котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон аз таҳдиди гурӯҳҳои тундрав ба "суботу амният"-и ҳукумати Покистон изҳори нигаронӣ кард. "Ин таҳдидҳо метавонад амнияти худи Покистонро ба хатар рӯ ба рӯ кунад"- гуфт Тиллерсон рӯзи 25 октябр ба хабарнигорон дар Деҳлӣ, ба думболи мулоқоташ бо вазири умури хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ. " "Ҳеҷ нафаре ба бесуботии ҳукумати Покистон манфиатдор нест",- афзӯд ӯ.

Котиби давлатии ИМА ҳамчунин аз Сушма Свараҷ изҳори сипос карда, ки Ҳиндустон дар паҳлӯи Амрико алайҳи тундгароӣ дар минтақа мубориза мебарад.

Гуфтугӯи Тиллерсон бо раҳбарони Ҳиндустон дар ҳолест, ки ду кишвар дар муқобили нуфӯзи ру ба афзоиши Чин дар минтақа, хостори ҳамкориҳои амиқтар шудаанд.

Тиллерсон ба думболи дидору гуфтугӯ бо мақомоти Покистон вориди Ҳиндустон шуд. Дидору гуфтугӯӣ ӯ бо раҳбарони Покистон дар пасманзари ин нигарониҳо ҷараён гирифт, ки Покистон ба ҷангиёни исломӣ "паноҳгоҳи амн" медиҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG