Пайвандҳои дастрасӣ

OCCRP ва НГ манобеи даромади атрофиёни Путинро муайян карданд


OCCRP screenshot

Маркази омӯзиши фасод ва ҷиноятҳои муташаккил (OCCRP) тадқиқотеро дар бораи дороиҳои атрофиёни президенти Русия Владимир Путин нашр хоҳад кард. Ин лоиҳа дар якҷоягӣ бо рӯзноманигорони нашрияи русии "Новая газета" амалӣ шудааст.

Тадқиқот дар бораи гуруҳи ба истилоҳ "миёнаравҳо" маълумот медиҳад, ки аз дороиҳои бузург бархурдор шудаанд. Ба назари муаллифони матлаб, пулҳои "миёнаравҳо" ба президенти Русия тааллуқ доранд.

Дар ҳоле ки даромади Путин дар соли 2016 наздики 9 миллион рубл эълон шудааст, муаллифони таҳқиқот мегӯянд, президенти Русия дороиҳои худро бар пояи як нақшаи печидаву мушкил идора мекунад.

Бар поияи ин гузориш, яке аз иштирокдорони нақша Михаил Шелемови 49-сола, писари яке аз хешони наздики Путин Любов Шелемова аст. Тайи чанд соли ахир ӯ дар бахши ширкати давлатии "Совкомфлот" дар Петербург, ки бо ҳамлу нақли маҳсулоти нафтӣ машғул аст. Ба огаҳии муаллифони тадқиқот, Шелемов наметавонист, дар як сол 8 ҳазору 400 доллари амрикоӣ бигирад.

Вале тавре муҳаққиони OCCRP маълум карданд, Шелемов тайи чанд соли ахир 537 миллион доллар ба даст овардааст.

Ҳамчунин омадааст, ки қисми бештари саҳмияҳои бузургтарин ширкатҳои марбут ба атрофиёни Путин расман ба ширкати петербургии "Актсепт" тааллуқ доранд ва молики ин ширкат Шемелов аст. Рӯзноманигорон фаъолияти "Актсепт"-ро пурра шарҳ надодаанд.

Гузоришгарони OCCRP мегӯянд,, ки ин ширкат соли гузашта 50%-и саҳмияҳои "Игор драйв"-ро соҳиб шудааст. "Игор Драйв" бо бунёди роҳҳои пойга дар Петербург машғул аст.

Ба иттилои нашрияи "Деловой Петербург", арзиши бунёди роҳҳои пойга дар Петербург 11 миллиард рублро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, коршарикони Шелемов дар тарҳи бунёди роҳҳо соҳибкорони наздик ба президенти Русия, Юрий Ковалчук ва Владимир Василев ҳастанд.

Шеломов, Ковалчук ва Василев аз суҳбат бо рӯзноманигорон дар ин бора худдорӣ карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG