Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сада" ва "Меҳргон" расман таҷлил мешаванд


Дар Тоҷикистон ду иди нав расман ҷашн гирифта мешавад. Порлумони Тоҷикистон рӯзи 25-уми октябр ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид кард ва ҳамакнун бар асоси он дар Тоҷикистон “Иди Сада” ва “Иди Меҳргон” расман таҷлил карда мешаванд. Тибқи тағйиротҳои нав “Иди Сада” 30 январ ва “Иди Меҳргон” рӯзи 15 октябр ҷашн гирифта мешаванд. Аммо дар ин рӯзҳо тоҷикистониён истироҳат намекунанд. Тибқи тағйиротҳои нав ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”, ҳамчунин 26 октябр ҳамчун “Рӯзи судҳо” ва 15 октябр ҳамчун рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ қайд мешавадн.

Талабҳо барои ҳамчун ҷашни расмӣ таҷлил шудани идҳои Меҳргон ва Сада қаблан аз ҷониби бархе олимони тоҷик садо дода буд. Аммо бархе огоҳон мегӯянд, ҳадаф аз расмӣ кардани ин ҷашнҳо, камрангтар кардани идҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон ба монанди Иди Қурбон ва Рамазон мебошад. Ба гуфтаи бархе таҳлилгарон Ҳукумат, ки солҳои ахир маросимҳои пеш аз исломиро зиёд таблиғ мекунад ва мехоҳад бо расмӣ кардани идҳои пеш аз исломӣ, ҷашнҳои мазҳабиро камрангтар ва барои онҳо ҷойгузини дигар пешниҳод кунад.

XS
SM
MD
LG