Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"New York Times": ИМА амалиёти пинҳониро алайҳи Толибон густариш медиҳад


Central Intelligence Agency CIA
Central Intelligence Agency CIA

Нашрияи The New York Times хабар додааст, ки Идораи Истихбороти Марказии ИМА - ЦРУ, барои шикори ҷангиёни Толибон амалиёти махфӣ дар Афғонистонро густариш медиҳад. Дар мақолае, ки рӯзи 22 октябр нашр шуд, нашрия аз қавли ду мақоми баландпояи Амрико гуфтааст, ки барои расидан ба ин ҳадаф Хадамоти Марказии Истихборот гурӯҳҳои начандон бузурги иборат аз афсарони пуртаҷриба ва қарордодиро ба нерӯҳои Афғонистон ҳамроҳ мекунад.

Дар гузориш омадааст, ки амалиёт таҳти назари Бахши фаъолиятҳои вежаи Идораи истихборот баргузор мешавад. Ба гуфтаи New York Times, ин вазифа аз бориз шудани нақши Идораи Марказии Истихборот дар стратегияи зиддитеррористии президент Трамп аломат медиҳад.

Идораи Марказии Истихборот аз шарҳи густариши нақши худ дар Афғонистон худдорӣ кард. Қаблан ин ниҳод бештар ба мубориза алайҳи "Ал-Қоида" ва кумак ба хадамоти истихбороти Афғонистон тамаркуз мекард.

Президенти Амрико Доналд Трамп моҳи август гуфт, ки ӯ маҳдудияти ҷустуҷӯ ва шикори ҷангиёнро лағв мекунад. "Қотилон бояд бидонанд, ки онҳо дар ростои тавонмандии Амрико ва силоҳи Амрико ҷое барои пинҳон шудан надоранд"- гуфт Донал Трамп.

Моҳҳои ахир низомиёни Амрико ҳамлаҳоро болои Толибон, махсусан бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин афзоиш доданд.

XS
SM
MD
LG