Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари 93-солаи Зимбабве баъди ду рӯз аз сафирӣ барканор шуд


Раҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶД) Тедрос Гебрейесус рӯзи 22 октябр эълом кард, ки тасмими худ дар бораи "сафири ҳусни ният" таъйин кардани президенти Зимбабве Роберт Мугаберо бекор хоҳад кард.

Мугабеи 93-сола, раҳбари ивазнашавандаи Зимбабве, ки аз соли 1980 зимоми қудратро дар даст дорад, ду рӯз пеш "сафири ҳусни ният" таъйин шуд. Ин қарорро ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорон ва ҳукуматҳои баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Бритониё, Канада ва ИМА сахт интиқод карданд.

Нашрияи бритониёии "Гардиан" суханҳои сафири пешини ИМА дар СММ Саманта Пауэрро овардааст, ки мегӯяд, "Мугабеи 93-сола тайи 37 соли раҳбарияш танҳо ба саломатии худ аҳамият додааст".

Хабаргузории AFP навишт, ки дар давраи раҳбарии Мугабе низоми тандурустии Зимбабве хароб шудааст. Дар бештари бемористонҳои ин кишвар заруритарин ашё намерасад ва табибону парасторон ҳам моҳҳо наметавонанд маоши ночизи худро бигиранд. Бино ба гузориши ЮНЕСКО, ки соли равон нашр шуд, мизони миёнаи дарозумрӣ дар Зимбабве 49 солро ташкил медиҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG